Зарфи сабабP Jw X
Зарфи сабаб сабаби ба вуҷуд омадани ё наомадани амалу ҳолатро ифода мекунад.Ин гурӯҳи зарфҳо миӄдоран хеле каманд:ночор, ноилоҷ, саҳван, маҷбуран, беихтиёр, тасодуфан.
Мундариҷа
- 1 Мисолҳо
- 2 Мисолҳо
- 3 Нигаред
- 4 Манбаъ
Мисолҳо[вироиш]
- Ночор сари аспро аз он тараф гардонда ба сари дигар кӯча нигоҳ карда давондам (Садриддин Айнӣ).
- Берунӣ ва донишмандони дигар ҳам ноилоҷ ба онҳо пайравӣ намуданд (Сотим Улуғзода).
Зарфи сабаб аз ҳисоби таркибҳои устувор пурра гашта истодааст:чор-ночор, хоҳу-нохоҳ, хоҳам-нахоҳам, бечуну чаро, баҳудаву беҳуда.
Мисолҳо[вироиш]
- Сад бор ба худ ӄавл додааст, ки забонашро нигоҳ дорад, ба одамон беҳудаву баҳуда пичинг нагӯяд (Фазлиддин Муҳаммадиев).
- Маҳмуд китобро кушода хоҳаму нахоҳам вараӄ задан мегирад (Сотим Улуғзода).
Нигаред[вироиш]
- Зарф (дастури забон)
Манбаъ[вироиш]
- Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик. Қисми 1: Фонетика ва морфология. - Душанбе: Дониш, 1985. - с.274